Ссылки доступа

Навори бахши қирғизии “Озодӣ” ҷоизаи Webby гирифт


Навори кӯтоҳи “Орзуи Нургазӣ”-и корманди бахши қирғизии Радиои Озодӣ Уланбек Эгизбоев дар озмуни “Беҳтарин видео”-и ҷоизаи байналмилалии Webby Awards ғолиб дониста шуд.

Ин навори видеоӣ дар бораи ҷавоне бо номи Нургазӣ аз ноҳияи Қочқори вилояти Норин қисса мекунад, ки имкониятҳояш маҳдуд аст ва пойбанди аробачаи маъюбӣ шудааст. Вай дар деҳаи дурдасте зиндагӣ карда, пештар роҳи мактабро бо аробачаи амъюбиаш бо азобе тай мекард. Ихтиёриёни созмони “Элим барсинби” ба Нургазӣ квадросикл ҳадя карданд ва ҳоло ҷавон ваъда медиҳад, ки дигар ҳаргиз ба дарсҳо дер намеояд.

Ин навор дар миёни панҷ видеои дигар барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза пешбарӣ шудааст. Барои “Орзу” 2 миллиону 300 ҳазор нафар овоз додаанд. Дар ин озмун 13 ҳазор видео аз 65 кишвари ҷаҳон пешниҳод шуда буд.

Навори дувуми видеоӣ дар бораи Нургазӣ баҳсҳои доғеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай дошт. Дар сафҳаи “Настоящее Время” дар Фейсбук ин видеоро 436 341 бор тамошо карда, 4172 мартаба онро ба дигарон тавсия додаанд. Шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” ин видеоро ба забони англисӣ бозгардон кард. Дар сафҳаи ин шабкаи телевизионӣ онро 790 024 бор тамошо ва 5 396 маротиба барои тамошои дигарон тавсия додаанд.

Бо намоиши филми “Орзу” 10-уми октябр ҷашнвораи байналмилалии филмсозони “Бир дуйно – Қирғизстан” оғоз шуда буд.

Webby Awards — ҷоизаи байналмилалии касбии интернетӣ аст. Ҳамасола ин ҷоиза ба беҳтаринҳои тарҳҳои интернетӣ - сомонаҳо, таблиғоти интернетӣ, наворҳои видеоӣ, хизматрасониҳои телефонҳои мобилӣ супорида мешавад.

XS
SM
MD
LG