Ссылки доступа

Чинибой Турсунбеков раиси порлумони Қирғизистон шуд


Чинибой Турсунбеков раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд. Чунин қарорро вакилони порлумон дар ҷаласаи 27-уми апрел қабул карданд.

Дар овоздиҳии пӯшида ба номзадии Турсунбеков 88 вакил ва ба ҷонибдорӣ аз Масалиев 26 вакил раъй доданд. Се вакил ба номзадии Турсунбеков раъйи мухолиф додаанд.

Номзадии Турсунбековро Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон пешниҳод карда, аз он ҷиноҳи “Республика-Ата Журт”, “Ата Мекен” ва “Қирғизистон” ҳимоят карданд. Номзадии Масалиев аз сӯи ҷиноҳи “Онугуу-Прогресс” пешниҳод шудааст.

Ёдовар мешавем, 13-уми апрел Асилбек Жээнбеков аз вазифаи раиси порлумон ба хотири ба вазифаи нахуствазир таъйин шудани бародараш Сооронбой Жээнбеков даст кашид. Тибқи қонунгузории Қирғизистон хешовандони наздик ҳақ надоранд дар кишвар ҳамзамон вазифаҳои баланди давлатиро ишғол кунанд.

XS
SM
MD
LG