Ссылки доступа

Freedom House: озодии баён то ҳадди ниҳоӣ пойин рафтааст


Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, озодии матбуот дар ҷаҳон дар пайи таъсири умумии сиёсат, ҷиноятҳо ва терроризм дар 12 соли охир ба сатҳи пойинтарин расидааст.

Қазоқистон дар ин пажӯҳиш дар гурӯҳи кишварҳои “ноозод” қарор дорад. Аз кишварҳои шӯравии пешин Гурҷистон, Украина ва Молдова ба гурӯҳи кишварҳои “қисман озод” шомил шудаанд.

Дар гузориши ҳамасолаи ин созмон, ки коргоҳи асосиаш дар Вашингтон воқеъ аст, гуфта шудааст, бештари фишорҳо ба озодии баён дар Ховари Миёна ва Туркия сурат гирифтаанд. Дар ин кишварҳо ҳукумат ва гурӯҳҳо бо мақсади ба худ моил кардани расонаҳо ва хабарнигорон фишорҳои бештаре анҷом дода, фазои “касе бо мо нест, зидди мост”-ро эҷод карданд.

Freedom House дар гузоришаш зери номи “Озодии баён дар ҷаҳон 2016: Набард барои паёми асосӣ” навиштааст, ки соли гузашта дар Сурия дастикам 14 хабарнигор кушта шуда, ин кишвар хатарноктарин минтақа барои хабарнигорон дониста шудааст. Дар гузориш дар бораи се хабарнигори суриягӣ гуфта шудааст, ки дар қаламрави Туркия эҳтимолан аз тарафи гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” кушта шудаанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки ҳукумати Туркия “таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеии амниятиро ба хотири ҳамлаҳои бештар ба расонаҳо” истифода кардааст. Дар ин арзёбӣ аз айбҳое нисбати чанд хабарнигор, блогнавис ва корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар иртибот бо таҳқири президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон низ ёдоварӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG