Ссылки доступа

Дар маркази вилояти Суғд як нонвойхонаи ҷамъиятӣ ба кор пардохтааст, ки ҳар рӯз аз 300 то 500 нонро ба афроди ниёзманд бепул медиҳад.

Мақсадой Содиқова, як сокини Хуҷанд, аз ҷумлаи онҳоест, ки то ин дам аз ёриҳои ин нонвойхона баҳравар шудааст. Вай мегӯяд, дар ҷое кор намекунад ва тамоми рӯзаш бо нигоҳубини фарзанди маъюбаш мегузарад. "Ин нонвойхонаро кушодаанд ва мо ҳар рӯз нони бепул мегирем. Ин ҳам як ҳимоят аз мо барин дастнигарҳост”, - мегӯяд Мақсадой.

Ин нонвойхонаи хайриявиро бахши созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Суғд ташкил кардааст. Ин нахустин чунин нонвойхона барои оилаҳои камбизоат аст, ки дар таъмини аҳли оилаи худ бо маводи ғизоӣ мушкил мекашанд. Парвиз Ҷабборзода, раҳбари бахши ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Суғд мегӯяд, нонвойхона аз ҳисоби ҳаққулузвияти бахши Ҳилоли Аҳмар ва маблағҳои ҷамъшуда дар “сандуқҳои хайрия”-и ин созмон таъсис ёфтааст.

“280 нафари эҳтиёҷманд, асосан маъюбон ва оилаҳои ягон узваш маъюб расман номнавис шудаанд ва онҳо ҳар рӯз ё дар ду рӯз як бор ба нонвойхона омада, ду дона нони бепул мегиранд,” – мегӯяд Парвиз.

Вай афзуд, дар ҳар шабонарӯз дар нонвойхона 1500 нон мепазанд ва барои ба даст овардани пул ва идомаи кори худу пардохти маоши коргарони нонвойхона 1 ҳазор нон бо нархи 1.5 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар вилояти Суғд беш аз 20 ҳазор афроди ниёзманд ба маводи ғизоӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 70 дарсадашон занҳои серфарзанд ва танҳоянд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ бо ҳимояти молии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Олмон нонвойхона барои одамони маъюб ва эҳтиёҷманд таъсис шудааст. Қарор аст, чунин новойхонаҳо дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон (Чкалов ва Қайроққуми собиқ) низ боз шаванд.

XS
SM
MD
LG