Ссылки доступа

Путин аз нокомиҳои пайдарпайи кайҳонӣ нигарон аст


Владимир Путин, президенти Русия гуфт, сабаби таъхири партоби аввалин киштӣ аз пойгоҳи кайҳонии "Восточный" вайрон шудани таҷҳизот дар мушакбардор аст, на мушкили вазъияти пойгоҳ. Ҳамзамон Путин хост аз мавридҳои зиёди вайрон шудани таҷҳизот зимни партоби киштиҳои кайҳонӣ дар Русия “натиҷагирӣ” шавад.

Дар арзёбӣ аз пойгоҳи кайҳонии "Восточный" Путин гуфт, “корҳои зиёде анҷом шудааст”, аммо таъкид кард, ки дар робита ба дуздиҳо ҳангоми сохтмони ин пойгоҳ “водор шудем шаш парвандаи ҷиноятӣ боз кунем”. Ба гуфтаи вай, агар айби гумонбарон тасдиқ шавад, “онҳо бояд хонаи гармро ба утоқи зиндон иваз кунанд”.

Барои сохтмони пойгоҳи кайҳонии "Восточный" 400 миллиард рубли андозсупорандаҳои Русия сарф шудааст. Ин тарҳро яке аз фасодзадатарин тарҳҳои солҳои ахир арзёбӣ мекунанд. Сохтмони он соли 2012 оғоз шуда, бояд дар соли 2015 анҷом меёфт, аммо дуздиҳои беохир ба ин кор халал расонид: ба иттилои Додситонии кулли Русия, зимни корҳои сохтмонӣ ҳафту ним миллиард рублро дуздидаанд.

XS
SM
MD
LG