Ссылки доступа

Трамп мехоҳад, бо Русия ва Чин робитаи беҳтаре ба роҳ монад


Ба гуфтаи Трамп, иштибоҳҳои сиёсати хориҷии ИМА дар Ироқ, Миср ва Либия сабаб шуданд, ки минтақа вориди гирдобе шавад.

Доналд Трамп, номзади пештози маъракаи интихоботии президентии ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон гуфт, агар раиси ҷумҳур интихоб шавад, ба беҳтар кардани муносибатҳо бо Русия ва Чин талош мекунад.

27-уми апрел зимни суханронӣ дар бораи сиёсати хориҷӣ дар Вашингтон Трамп гуфт, ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида бо Русия “ихтилофҳои ҷиддие” дорад, аммо вай ба ин назар аст, ки танишҳои мавҷударо бо Москва метавон коҳиш дод. Вай афзуд, дар замони раёсати ҷумҳуриаш Амрико ба ҷаҳон тавассути “оинаи шаффофи манфиатҳои амрикоӣ” менигарад. Трамп таъкид кард, ки “бар пояи манфиатҳои умумӣ имкони беҳбуди робитаҳо бо Русия ва Чинро хоҳад ҷуст”.

XS
SM
MD
LG