Ссылки доступа

Дар Туркия як террористи маргталаб 8 нафарро захмӣ кард


Дар шаҳри Бурса, дар шимолу ғарби Туркия дар натиҷаи як таркиш дар назди масҷиди марказии шаҳр 8 нафар маҷруҳ шуд. Дар ин бора нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу хабар дод.

Бомбаро террористзани маргталаб фаъол кардааст. Ин панҷумин амали террористӣ дар шаҳрҳои бузурги Туркия дар соли ҷорӣ аст.

Ин ҳамлаи террористӣ дар рӯзи дигари баъд аз ҳушдори Иёлоти Муттаҳида ба шаҳрвандони амрикоӣ дар Туркия рух дод. ИМА аз хатари амалҳои террористӣ дар минтақаҳои сайёҳии Туркия ҳушдор дода буд.

Бурса чаҳорумин шаҳри бузурги Туркия ва дар самти ҷануб аз Истамбул воқеъ аст.

XS
SM
MD
LG