Ссылки доступа

Савченкоро барои истирдод ба Украина омода мекунанд


Сардори боздоштгоҳи шаҳри Новочеркасски Русия, ки дар он ҷо Надежда Савченко нигаҳдорӣ мешавад, ба сарбози украинӣ бастаи ҳуҷҷатҳоеро барои пур кардан додааст. Ин ҳуҷҷатҳо барои истирдоди сарбози украинӣ ба ватанаш заруранд. Дар ин бора дар барномаи шабакаи телевизионии украинии “Хадамоти телевизионии хабарҳо” хоҳари маҳкумшуда Вера Савченко хабар додааст.

Марк Фейгин, вакили дифои Савченко мегӯяд, зерҳимояаш барои идомаи адои ҷазо дар қаламрави Украина ҳуҷҷатҳои лозимиро имзо кардааст. Пештар президенти Украина Петр Порошенко гуфта буд, вай “боварии комил” дорад, ки Савченко дар ҳафтаҳои наздиктарин ба ватан баргардонида мешавад.

Надежда Савченко дар Русия бо айби ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори шабакаи телевизионии ин кишвар дар наздикии Луганск дар тобистони соли 2014 22 сол зиндонӣ шуд. Мақомоти украиниву рус дар бораи эҳтимоли ивази Савченко бо шаҳрвандони Русия Евгений Ерофеев ва Александр Александров бори нахуст 18-уми апрел изҳори назар карданд. Он рӯз додгоҳе дар Киев ин ду шаҳрванди Русияро бо айби “ҷанг зидди Украина” ва “ташкил ва анҷоми амали террористӣ” 14 сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG