Ссылки доступа

Қирғизистон аз Қазоқистон барқ мехарад


Дар соли ҷорӣ Қазоқистон ба Қирғизистон 218 миллион киловатт-соат нерӯи барқ содир мекунад. Аллакай 53 миллион киловатт интиқол дода шудааст.

Дар ин бора дар як нишасти хабарӣ дар Остонаи Қазоқистон раиси идораи "Самрук Энерго" Алмасадам Саткалиев хабар додааст.

Ба гуфтаи Саткалиев, ҳар киловатти ин барқ бо арзиши 9 танга (муодили тақрибан 18 дирам) фурӯхта мешавад.

Давоми ду соли охир Қирғизистон ба далели кам шудани об дар обанбори Токтогули ин кишвар ва ҳамчунин камобӣ дар ҷумҳурӣ маҷбур аст аз хориҷ барқ бихарад.

XS
SM
MD
LG