Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон як сарояндаро ба беҳаёӣ айбдор мекунанд


Роҳбарияти иттифоқи сарояндагони "Ӯзбекнаво" ба сароянда Азиза Ниёзматова танбеҳ эълон карда, аз вай хостааст, "қоидаҳои ахлоқиро риоя намуда, зидди фарҳанги саҳна ва фарҳанги либоспӯшӣ, ки бо ин рафтораш эҳсоси бинандагонро таҳқир месозад, амал накунад".

Азиза Ниёзматова мегӯяд, 28 соли охир рӯи саҳнаи ҳунар аст ва ахиран ӯро ба "Ӯзбекнаво" даъват карда, аксеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст, муҳокима намудаанд.

- Зоҳирон, ҳамагӣ як акси ман, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, мансабдоронро ҳайратзада кардааст. Ин аксе буд, ки ман он ҷо бо куртаи беостин ва гул дар даст истодаам. Ва он ҳам на дар саҳна, балки дар хона. Дар акс ҳамагӣ банди дастам урён аст, - мегӯяд сароянда.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳуҷҷате зери рақами 248, ки директори "Ӯзбекнаво" Фарҳод Ҷӯраев онро имзо кардааст, гуфта мешавад, ки Азиза Ниёзматова "бояд ба фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ, одатҳо ва идеологияи миллӣ муносибати эҳтиромона дошта бошад".

Пештар аз ин барои либоси саҳнавие, ки пушташ урён буд, иҷозатномаи сароянда Лоларо ба таври фаврӣ бекор карданд. Тавре маълум мешавад, мансабдорон аксҳо ва изҳори назарҳои сарояндагонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо пайгирӣ миекунанд ва дар асоси онҳо хулоса мебароранд.

XS
SM
MD
LG