Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ҷазо барои таблиғи ифротгароӣ сангинтар шуд


Ислоҳоти воридшуда ба Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон, ки онро президент Ислом Каримов 26-уми апрел имзо кард, барои паҳн кардани ақидаҳои динии ифротӣ ҷазо пешбинӣ мекунад.

Дар моддаи 244-1 "Тавлид, паҳнкунӣ ва намоиши маводи ба амният ва низоми оммавӣ таҳдидкунанда"-и Кодекси ҷиноятӣ мафҳуми "бо истифода аз расонаҳои умумӣ ё шабакаҳои мухобиротӣ ва ҳамчунин шабакаи ҷаҳонии Интернет" такмил дода шуд.

Тибқи ислоҳи воридшуда, агар мақомот дар расонаҳо ё шабакаи Интернет маводи ифротгароиро пайдо кунад, муаллифи он метавонд аз 5 то 8 соли зиндонӣ шавад.

Шахсоне, ки бо далелҳои мазҳабӣ боздошт мегарданд, тибқи моддаи 244-1-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон муҳокима мешаванд.

XS
SM
MD
LG