Ссылки доступа

Нахустин мактаби тоҷикӣ дар минтақаи баҳсбарангез бо Ӯзбекистон


Дар деҳаи Ҷомии ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд нахустин мактаби тоҷикӣ ифтитоҳ шуд.

Мактаби нав дар деҳаи Ҷомии ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен дар наздикии соҳили обанбори Фарҳод воқеъ аст. Аз ин минтақа хати марзи ноҳияи Бекободи Ӯзбекистон мегузарад. Дар ин ҷамоати наздимарзӣ тоҷикону ӯзбекҳо якҷо зиндагӣ мекунанд. Аммо то ҳол дар ин ҷо танҳо як мактаби миёна вуҷуд дошт, ки таҳсил дар он ба забони ӯзбекӣ ва тибқи барномаи омӯзишии Ӯзбекистон сурат мегирифт.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд 26-уми апрел дар маросими ифтитоҳи мактаби тоҷикӣ гуфт, ки ин мактаб бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ ва муаллимон боз мешавад, то хонандагони тоҷикзабон бо барномаи давлатии таълимӣ фаро гирифта шаванд.

Баҳодур Тӯрабоев, мудири бахши маорифи ноҳияи Спитамен хабар медиҳад, ки сокинони деҳаҳои Ҷомӣ ва Дӯстӣ мактаб надоштанд ва барои рафтан ба мактаби деҳаи ҳамсоя водор мешуданд 5 километр роҳро тай кунанд. Ба ин тартиб, 90 дарсади хонандагони тоҷик дар мактаби ӯзбекӣ тибқи барномаи омӯзишии кишвари ҳамсоя таҳсил мекарданд.

Ба гуфтаи вай, ҳоло 70% шогирдони мактаби №4 ба мактаби тоҷикӣ гузаштаанд. Дар миёни онҳо фарзандони ӯзбектаборҳо низ ҳастанд, ки волидайнашон мехоҳанд, фарзандон забони тоҷикиро омӯзанд.

XS
SM
MD
LG