Ссылки доступа

Бонки миллии Қазоқистон сармоягузории нафақапулиҳоро оғоз кард


Бонки миллии Қазоқистон сармоягузории маблағҳои Бунёди ягонаи пасандозҳои нафақаро ба бахшҳои пешниҳодкардаи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев шурӯъ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Бонки миллӣ. Сармоягузории маблағҳои Бунёд давоми соли 2016 идома меёбад.

Дар аввали моҳи феврал дар ҷаласаи ҳукуматӣ Назарбоев гуфта буд, маблағи ҷамъшудаи нафақа, ки баробари як триллиону 450 миллиард танга шудааст, бояд ба "бархе бахшҳо", аз ҷумла ба бахши сохтмон ва бонкдорӣ сармоягузорӣ шавад. Назарбоев он замон пешниҳод кард, 76 миллиард танга ба барномаи ӯ -- "Нурли жол", ба ширкати "КазАгро" - 100 миллиард танга барои маблағгузории "тарҳҳои муҳими бахши кишоварзӣ" ҷудо карда шавад.

Бонки миллӣ хабар медиҳад, ки рӯйхати наҳваи молӣ, ки тавассути онҳо маблағҳои Бунёд сармоягузорӣ мешаванд, аз тарафи "Бонки миллӣ таҳия шуда, шӯрои мудирияти Бунёди миллӣ онро тасдиқ кардааст".

Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми маблағҳои ҷамъшудаи Бунёди нафақа то аввали моҳи апрел беш аз шаш триллион танга (қариб 18 миллиард доллар) шудааст. Бар асоси қонунгузории амалкунанда, ҳамаи шаҳрвандони Қазоқистон, ки кор мекунанд, бояд даҳ дарсади маоши худро ба ҳисоби Бунёди ягонаи пасандозҳои нафақа гузаронанд. Ин пулҳоро онҳо танҳо баъди оғози давраи бознишастагӣ ё кӯчидан ба кишвари дигар метавонанд бигиранд. Маблағҳои ҷамъшудаи фавтидаҳоро меросхӯронашон соҳиб мешаванд.

XS
SM
MD
LG