Ссылки доступа

"Рӯйхати сиёҳ"-и Шӯрои Амният метавонад такмил шавад


Русия пешниҳод кард, ки гурӯҳҳои ошӯбгари суриягии "Ҷайш ал-Ислом" ва "Аҳрор ал-Шом" ба гумони иртиботи эҳтимолии онҳо бо гурӯҳҳои террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) ва "Ал-Қоида" ба "рӯйхати сиёҳ"-и Шӯрои Амнияти СММ шомил карда шаванд.

Ин пешниҳоди Русия, ки рӯзи 27-уми апрел ба кумитаи Шӯрои Амният дар умури ДИ ва "Ал-Қоида" ирсол шуда буд, 11 май ба ҳукми қонунӣ медарояд. Ба иттилои дипломатҳои СММ, ин пешниҳод дар сурате ба ҳукми қонунӣ хоҳад даромад, ки агар он аз тарафи аъзои дигари кумита, ки аз 15 кишвар иборат аст, рад нашавад. "Сабаби ин пешниҳод иттилое шуд, ки ин гурӯҳҳо, ки дар Сурия меҷанганд, бо созмонҳои террористии ДИИШ ва "Ал-Қоида" робитаҳои наздик доранд", - гуфт намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин.

Ҳайати ИМА дар СММ аз ворид кардани ин гурӯҳҳо ба "рӯйхати сиёҳ" ҳушдор дода, гуфт, ки ин амал метавонад талошҳои қатъи даргириҳои низомӣ дар Сурияро бефоида кунад.

"Ба рӯйхат шомил кардани "Ҷайш ал-Ислом" ва "Аҳрор ал-Шом" - ду гурӯҳи шарики муқаррароти оташбас паёмадҳои сангине барои қатъи ҷангҳо хоҳад дошт. Ҳарчанд мо дар ин маврид талошҳои зиёде анҷом медиҳем", - гуфт Эдгар Васкез, сухангӯи ҳайати амрикоӣ.

Виталий Чуркин иддаои, ки ин гурӯҳҳо муқаррароти оташбасро риоя карда ба гуфтушуниди сулҳи Женева саҳм мерасонанд, бепоя донист. Дар сурати шомил кардани ин гурӯҳҳо ба "рӯйхати сиёҳ" муқаррароти оташбас ба онҳо дахл нахоҳад дошт ва онҳо минбаъд наметавонанд дар гуфтушуниди сулҳ ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG