Ссылки доступа

Сарояндаи машҳури ӯзбек Севара соҳиби духтар шуд


Севара Назархон, сарояндаи саршиноси ӯзбек дубора модар шуд. Вай дар яке аз бемористонҳои ИМА таваллуд кардааст.

Хабари таваллуди духтарашро Севара дар шабакаи иҷтимоии Instagram навиштааст.

Сарояндаи яке аз беҳтарин сурудҳои ватандӯстонаи ӯзбекӣ “Улуғимсан ватаним” (“Ватани бузурги ман”) дар яке аз бемористонҳои ИМА таваллуд кардааст.

Ин дувумин фарзанди Севара аст. Ин хонавода ҳамчунин писари 7-сола Денгизро тарбия мекунад.

Севара Назархон яке аз сарояндаҳои камшумори ӯзбекзабон аст, ки чанд сурудро якҷо бо хонандагони машҳури рок аз Русия ва Аврупо иҷро кардааст.

XS
SM
MD
LG