Ссылки доступа

Аз эътирозгарони майдони Актау баёнот гирифтанд


Дар Актауи Қазоқистон чанд нафаре, ки 28-уми апрел барои баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар майдони марказии шаҳр ҷамъ омаданд, боздошт шуданд. Ин нафарон мехостанд зидди нақшаи фурӯши замин эътироз кунанд.

Фаъолзан Шинар Киянова хабар дод, феълан якҷо бо сокинони маҳаллӣ Алуаш Онарова ва Даулет Лепес дар идораи пулисанд ва онҳоро ба ин ҷо барои “бозпурсӣ” овардаанд. Ба гуфтаи вай, пулис аз майдон гурӯҳи сокинонро бо худ бурд. Есен Омирзак, сокини Актау хабар дод, ки пулис қариб 50 нафарро боздошт кардааст. Вай гуфт, аз онҳо баёноти хаттии ширкаташон дар ин ҳодисаро талаб мекунанд.

Дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Актау ба саволи сабаби боздошти ширкаткунандаҳои ҳамоиши эътирозӣ посух доданд, ки раҳбар Болатбек Акшауов дар рухсатӣ аст ва муовинаш дар робита ба гирдиҳамоӣ ҷаласа анҷом медиҳад.

Даҳҳо нафар дар маркази шаҳри Актау гирдиҳам омада, талаб карданд, ислоҳоти Кодекси замин, ки фурӯш ва иҷораи заминро дар назар дорад, бекор шавад. Ҳамин гуна талабҳо дар гирдиҳамоии оммавӣ 24-уми апрел дар Атирау ва 27-уми апрел дар Актобе ва Семе садо додаанд.

XS
SM
MD
LG