Ссылки доступа

Таҷлил аз 138-солагии Бишкек (видео)


Имрӯз, 29 апрел, тибқи қарори порлумони шаҳрии пойтахти Қирғизистон, Рӯзи Бишкек таҷлил мешавад.

Бахшида ба ин ҷашн ҳукумати Бишкек баргузории чанд чорабиниро дар назар дорад, ки тӯли рӯз идома мекунанд. Миёни ин чорабинҳо кушодани боғчаи кӯдакон, баргузории мусобиқаи варзишӣ ва ғайра ҷой дорад.

Дар гӯшае аз Бишкек гаштугузори мардумӣ ва дар Китобхонаи миллии он шаҳр намоиши аксҳо доир мешавад. Ба ҷуз ин, нисфирӯзии вақти Бишкек ақрабаки соатҳои бузурги шаҳрӣ зери навои дутор давр мезанад.

Чорабиниҳои бахшида ба рӯзи Бишкек бо консерти ҷашнӣ дар боғи Дубов аз соати 15 то 18-и вақти маҳаллӣ ба охир мерасанд.

Дар ин рӯз сокинони шаҳр метавонанд дар роҳҳо автобусҳои навро, ки ҳукумати шаҳри Урумчии Чин ба Қирғизистон туҳфа кардааст, бубинанд. Ахиран шаҳрдории Бишкек навори видеоии ҷамъомади бахшида ба Рӯзи шаҳрро нашр кард.

Бишкек отмечает 138-й день рождения
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:02 0:00

XS
SM
MD
LG