Ссылки доступа

Занонзанӣ дар порлумони Туркия сари “масъалаи курдҳо”


Дар ҷараёни баррасии фаъолияти зиддитеррористии ниҳодҳои қудратӣ дар Маҷлиси олии Туркия вакилон даст ба гиребон шуданд.

Ба иттилои сомонаи курдгарои Rudaw, ин ҳодиса миёни аъзои Ҳизби ҳокими адолат ва рушд ва Ҳизби халқҳои демократӣ (ҲХД), ки аз ҳуқуқи аққалияти курдҳои кишвар ҳимоят мекунад, рух додааст.

Узви ҲХД Фарҳод Энҷу дар суханрониаш гуфт, ниҳодҳои қудратӣ зимни амалиёти зиддитеррористӣ мардуми осоиштаро мекушанд ва аз вакилон хост, ки хотираи кушташудагон гиромӣ дошта шавад. “Ман афсӯс мехӯрам, ки аз дасти нерӯҳои махсус кӯдакон кушта мешаванд”, - ин суханони Энҷу боиси хашми вакилони ҳизби ҳоким шуд, менависад politeka.net.

“Ман дар бораи сокинони осоиштаи шаҳри Силопӣ мегӯям, ки дар мушакборон кушта шуданд, дар бораи сокинони деҳаи Робоскӣ мегӯям. Шояд ин ҳарфҳоро шумо хуш надоред, вале ман дар ин бора мегӯям”, - гуфт Энҷу. Суханронии ӯро раиси порлумон қатъ кард ва сипас ба ин вакил, ки мехост ба курсиаш нишинад, намояндаҳои ҳизби раиси ҷумҳур ҳамла карданд. Дар ин хархаша миёни вакилон занозанӣ сар зад.

Дар Туркия зимни талоши убур аз марзи Сурия 18 фаъоли курдӣ кушта шуданд, ки аъзои созмони PYD (Ҳизби “Иттиҳоди демократӣ”) буданд. Ин ҳизб дар Туркия террористӣ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG