Ссылки доступа

Назарбоеви “панҷум” ба намоиш медарояд


Қисмати панҷуми силсилафилми бадеӣ дар бораи президенти феълии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба намоиш даромад. Ин филм “Ситораҳо чунин тақдир карданд” ном дорад.

Ахиран дар Остона ва Алмаатои Қазоқистон нахустнамоиши ин филм баргузор шуд. Ба гуфтаи вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳамедиулӣ, барои таҳияи ин филм як миллиарду 200 миллион танга ва пулҳои иловагии сармоягузорон сарф шудааст.

Силсилафилми “Роҳи пешво” дар бораи Нурсултон Назарбоев аз филми “Фазои кӯдакии ман” оғоз шуд, ки соли 2011 ба намоиш баромад. Сипас, қариб ҳар сол идомаи ин силсилафилм пайдо мешуд – “Дарёи оташ”, “Кӯҳи оҳанин”, “Шикастани доираи сарбаста”. Дар ин филмҳо дар бораи кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии Назарбоев ва сиёсатмадор шуданаш қисса шудааст.

Ҳамаи чаҳор филми авваларо коргардони қазоқ Рустам Абдрашев таҳия кардааст. Дар ҳамаи ин чаҳор филм нақши Нурсултон Назарбоевро, ба ҷуз аз давраи кӯдакиаш, ҳунарманд Нурлан Олимжанов бозидааст. Ҳарчанд ин ҳунарманд дар филмҳо қариб 20 нақшро бозидааст, аммо баъди офаридани нақши Назарбоев вай соҳиби ҷоизаҳои зиёде шуд.

Қисмати панҷуми “Роҳи пешво”-ро коргардон ва таҳиягари маъруфи рус Сергей Снежкин омода кардааст. Вай дар офаридани чунин филмҳое ба мисли “Ҳолати фавқуллодаи ноҳиявӣ” (дар бораи корманди мансабхоҳи комсомолӣ), чанд қисмати силсилафили “Нерӯи тахрибкор” саҳм гирифтааст. Барои иҷрои нақши Нурсултон Назарбоев вай Берик Айтжановро интихоб ва дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз ӯ тавсиф ҳам кард.

Аммо мунаққидони маҳаллии синамо дар бораи ин филм назари хубе надоранд. Мунаққиди алматоӣ Дмитрий Мостовой зикр кард, ба нафароне, ки дар тӯли 190 дақиқа аз ин филми сатҳиву рӯякӣ ва душворфаҳм ҳаловат бурдаанд, ҳасад мекунад.

XS
SM
MD
LG