Ссылки доступа

Лавров: агар Шветсия ба НАТО шомил шавад, Москва “чораҷӯӣ” мекунад


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, кишвараш тасмими Шветсия барои пайвастан ба НАТО-ро эҳтиром мекунад, вале дар посух ба наздикшавии иттиҳоди низомӣ ба марзҳояш “чорҷӯӣ” хоҳад кард.

“Агар Шветсия узви НАТО шавад, мо фикр намекунем, ки шведҳо мехоҳанд ба мо ҳамла кунанд. Аммо ба далеле, ки сохторҳои низомии шведӣ дар ин вазъият таҳти фармондеҳии раҳбарияти НАТО қарор мегиранд, мо дар минтақаҳои шимолии худ тадбирҳои зарурии низомӣ хоҳем андешид. Зеро дар он сӯи марз нерӯҳои иттиҳоди низомиву сиёсие ҷойгир хоҳанд шуд, ки Русияро хатар медонанду талош мекунад монеи кишвари мо шаванд”, - гуфтааст Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи шведии Dagens Nyheter.

Ба гуфтаи Лавров, мушаххасан тадбирҳои заруриро вазорати мудофиаи Русия муайян мекунад.

Вай афзудааст, ки Москва ҳатто бо дарназардошти “бадбинии русҳо” дар НАТО-ву Шветсия ва қарори Стокголм дар мавриди пайвастан ба таҳримҳои аврпуоии зидди Русия ба “фаъолияти мухолифати низомӣ алоқаманд нест”. Вай ҳамчунин гуфт, ки Русия бори дигар ба ҳаққи ҳар кишвар барои интихоби мустақили шакли таъмини амнияташ эҳтимром мегузорад.

XS
SM
MD
LG