Ссылки доступа

Қирғизистон ба ҳалли мушкилиҳои марзӣ мепардозад


Шӯрои мудофиаи Қирғизистон бо ширкати раиси ҷумҳури ин кишвар паси дарҳои баста ҷаласае баргузор ва барои таъмини амният дар марзҳо ва ҳимояи муассири сарҳадҳо иқдомҳое пешниҳод кардааст.

“Дар робита ба пурзур кардани амнияти марзӣ як қатор дастурҳо дода шуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба бештар кардани зарфияти Хадамоти давлатии марзбонӣ, омодагии ҷангӣ, иқдомҳои бештар шудани нигаҳбонии марзҳо, тақвияти асосҳои моддӣ ва фаннии Хадамоти давлатии марзбонӣ равона шудааст. Сохторҳои ҷудогонаи давлатӣ вазифадор шуданд ба густаоиши фаъолият дар минтақаҳои наздимарзӣ бо ҳадафи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ талош кунанд. Ҳамзамон ин ниҳодҳо вазифадор шуданд, ки барои пешгирии ҳар гуна даргириҳо дар маҳаллаҳои наздимарзӣ, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳанд”, - гуфт котиби Шӯрои мудофиаи Қирғизистон Темир Ҷумъақодиров.

Вай ҳамчунин зикр кард, ки теъдоди даргириҳои наздисарҳадӣ коҳиш меёбад ва корҳои тайини хатти марзӣ ва аломатгузорӣ ба сатҳи нав бароварда мешавад.

XS
SM
MD
LG