Ссылки доступа

Тоҷикистон дар Шӯрои СММ аз вазъи ҳуқуқи инсон ҳисобот медиҳад


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид 6 май дар Женева ҳайати давлатии Тоҷикистон ба гузориши ин ниҳод роҷеъ ба беҳбуди вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар панҷ соли охир посух хоҳад дод.

Дар гузориши ин созмон гуфта шуда буд, ки дар Тоҷикистон баробарҳуқуқии зану мард риоя намешавад ва ҳукумат барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва аз байн бурдани қолибҳои ҷойдошта нисбати зан дар ҷомеа талошҳои кофӣ анҷом надодааст.

СММ ҳамчунин аз афзоиши издивоҷҳои барвақтӣ ва бисёрзанӣ дар Тоҷикистон нигарон аст. Дар ҷаласаи Шӯрои СММ дар робита ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин масъалаи манъи фаъолияти ҲНИТ, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон онро террористӣ донистааст, баррасӣ хоҳад шуд.

Тоҷикистон бори охир дар Шӯрои СММ дар мавриди ҳуқуқи инсон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон соли 2012 ҳисбот дода буд.

XS
SM
MD
LG