Ссылки доступа

Ду рӯзноманигори мухолифи мисрӣ боздошт шудаанд


Пулиси Миср якшанбеи 1 май ду рӯзноманигори мухолиф - Амр Бадр ва Маҳмуд Саккаро боздошт кард, иттилоъ медиҳад радиои Мавҷи Олмон.

Бадр сармуҳаррири сомонаи мухолифи Yanair.net аст, Сакка корманди ин сомона. 29 апрел дақиқ шуд, ки пулис манзили ин ду рӯзноманигорро ҷустуҷӯ кардааст. Баъди ин ҷустуҷӯ рӯзноманигорон хостаанд эътироз кунанд. Ба иттилои хабаргузории AFP, рӯзноманигоронро дар баргузории эътирози ғайриқонунӣ айбдор мекунанд.

Дар ибтидои моҳи апрел президенти Миср Абдулфатоҳ Сисӣ бо имзои созишномае ду ҷазираи воқеъ дар Баҳри сурх - Тиран ва Санафирро, ки дар ихтиёри Миср буд, ба Арабистони Саудӣ дод. Созишномаро бояд порлумони Миср тасдиқ кунад.

Маҳмуд Сакка дар саҳифаи Фейсбукии худ сокинонро ба эътироз зидди ба Арабистони Саудӣ додани ҷазираҳо даъват кард, менависад AFP. Шаби 22 апрел дар Миср мавҷи аввали боздошти фаъолони мухолиф сар зад, дар шаҳрҳои Искандарияву Асуан ва дигар шаҳрҳо бисёре аз мухолифон боздошт шуданд. Эътирозҳои худҷӯше, ки дар минтақаҳои алоҳида ба вуҷуд омад, фавран саркӯб шуданд.

XS
SM
MD
LG