Ссылки доступа

Қазияи Гулнора Каримова сари боз ду мудири аршадро "хӯрд"


Ду корманди баландпояи Telenor Group-и Норвегия дар робита ба парвандаи ришваи бисёрмиллионӣ ба сохторҳои марбут ба Каримова аз сӯйи VimpelCom ва "рехтани обрӯи ширкат" аз вазифаҳои худ барканор шуданд.

Ба иттилои ширкати мухобиротии норвеягии Telenor Group, мудири молиявии он Ричард Олав ва мудири ҳуқуқӣ Виен Эспен барои "хатогиҳо дар масъалаи марбут ба саҳми Telenor Group дар VimpelCom" бо вазифаҳои худ хайрухуш карданд.

Гуфта мешавад, ин ду корманди воломақом ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта зимни таҳқиқи қазия аз вазифаҳои худ ба таври муваққатӣ барканор шуда буданд. Он замон ширкат дар робита ба қазияи фасодкории Vimpelcom, ки дар қаламрави Ӯзбекистон хадамоти алоқаи мобилиро зери номи ширкати “Билайн” фароҳам мекард, таҳқиқоти дохилӣ шурӯъ карда буд. Дар робита ба қазия соли гузашта раиси шӯрои иҷроияи ширкати Telenor Group Свейн Осер ва мудири кулл Йон Фредерик Баксаас барканор шуданд.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ VimpelCom додани ришва ба маблаги 114 миллион доллар ба “як шахси таъсиррасон” дар ҳукумати Ӯзбекистон барои гирифтани иҷозатномаи тиҷорат дар ин кишварро тасдиқ кард. Ҳамчунин ширкат расман эълон кард, ки омодааст ба ниҳодҳои зиддифасодии ИМА ва Голландия ҷаримаҳои бесобиқа дар ҳаҷми 795 миллион долларро пардохт кунад.

Дар аввали моҳи ҷорӣ вазорати адлияи ИМА хабар дод, ки “шахси таъсиррасон” дар ҳукумати Ӯзбекистон, ки аз ширкатҳои хориҷӣ ришваҳои бисёрмиллионӣ мегирад, маҳз духтари калонии президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова будааст. Ҳамчунин вазорати адлияи Амрико Каримова ва чанд шарики наздикашро ба додгоҳ кашида, боргардондани беш аз 550 миллион доллари дар ҳисобҳои бонкҳои Швейтсария мафҳуз бударо талаб дорад.

XS
SM
MD
LG