Ссылки доступа

Мухолифат ба иқдоми "Лентаи Георгий" дар Ӯзбекистон


Тавре сафорати Русия дар Ӯзбекистон хабар медиҳад, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд "Лентаи Георгий"-ро аз сафорат бигиранд.

"Ҳадафи аслӣ аз ин иқдом он аст, ки набояд насли нав фаромӯш созад, ки кӣ ва бо чӣ қимате дар даҳшатноктарин ҷанги асри 20 пирӯз шудааст", - мегӯяд сафорати Русия дар Тошканд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони Ӯзбекистон ба ин иқдом назарҳои гуногун доранд. Соли гузашта дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук корбарони Ӯзбекистон зидди тақсими "Лентаи Георгий" таблиғот бурда буданд. Мухолифони ин иқдом мегӯянд, "Лентаи Георгий" "рамзи империализми Русия" аст.

Ёдрас мешавем, ки дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон - Қирғизистону Қазоқистон ҳам мухолифони "Лентаи Георгий" сар баровардаанд.

XS
SM
MD
LG