Ссылки доступа

НАТО таъсиси нерӯ дар кишварҳои Балтикро баррасӣ мекунад


Ба гуфтаи вазири мудофиаи ИМА, нерӯҳои заминӣ барои пешгирӣ аз "таҷовузкории Русия" таъсис дода хоҳанд шуд

НАТО масъалаи таъсиси нерӯҳои заминиро дар кишварҳои Балтик ва эҳтимол дар Лаҳистон ҳам, бо ҳадафи пешгирӣ аз "таҷовузкориҳои Русия" баррасӣ мекунад, мегӯяд вазири мудофиаи ИМА Эш Картер.

Ба гуфтаи вай, ин нерӯҳо эҳтимол аз чаҳор гурдон (баталон) иборат хоҳанд буд. Эш Картер дар ин бора дар роҳ ба сӯи Штутгарти Олмон, ки он ҷо фармондеҳии аврупоии нерӯҳои низомии ИМА ҷойгир аст, ба рӯзноманигорон хабар дод.

Пештар аз ин ИМА гуфта буд, ният дорад, ки моҳи феврали соли оянда ба Аврупои Шарқӣ 4200 низомӣ фиристад.

XS
SM
MD
LG