Ссылки доступа

Сафари аксбардорони National Geographic ба Қирғизистон


Маҷаллаи National Geographic аз 6 то 10 майи соли ҷорӣ бо ҳадафи аксбардорӣ ба Қирғизистон сафар мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии National Geographic nat-geo.ru хабар медиҳад.

Тибқи ин иттилоъ, сафари махкур аз Шоҳроҳи Абрешим тавассути вилоятҳои Чуй ва Иссиқкӯл мегузарад. Барои ин сафар Адрей Каменев, роҳбари National Geographic дар Русия тими аккосонро ҷамъ меорад.

Дар тавсифи тарҳи маҷалла гуфта шудааст, ки ширкатдорони барномаи аксбардорӣ метавонанд "шукуфтани гулҳои лоларо акс бигиранд, ба соҳили Иссиқкӯл бирасанд, қуллаҳои барфпӯши куҳи Тян-Шани Шимолиро бубинанд ва аз зебоии сангҳои Ҷети-Оғуза ҳаловат баранд".

XS
SM
MD
LG