Ссылки доступа

"Гургҳои шабгард" бе убур аз Лаҳистон вориди Аврупо шуданд


Мототсиклронони Русия аз клуби "Гургҳои шабгард"-и кремлгаро, ки тай кардани масири "Роҳи Ғалаба - ба Берлин"-ро ҳадаф доранд, билохира вориди Аврупо шуданд. Лаҳистон ба онҳо иҷозат надод, ки вориди ин кишвар шаванд.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба роҳбари мототсиклронон Андрей Бобровский хабар медиҳад. Ба гуфтаи Бобровский, ҳоло онҳо дар Словакия буда, имрӯз ба самти Чехия раҳсипор мешаванд.

Вай гуфтааст, бо чӣ роҳ вориди Аврупо шудани онҳо махфист ва айни ҳол тими онҳо аз 20 нафар иборат буда, рӯзҳои наздик шумораашон хоҳад афзуд.

29 апрел вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон гуфт, мақомоти кишвар ба воридшавии ширкатдорони "Гургҳои шабгард" иҷозат надоданд. Сафири Лаҳистон дар Москва Катажин Пелчинск-Наленчро ба вазорати корҳои хориҷии Русия даъват карданд.

Роҳбари "Гургҳои шабгард" Александр Залдостанов бо лақаби "Ҷарроҳ" ба "рӯйхати сиёҳ"-и Иттиҳоди Аврупо ва ИМА шомил шудааст, ки афроди ин рӯйхат ҳаққи ба ин кишварҳо ворид шуданро надоранд.

XS
SM
MD
LG