Ссылки доступа

Саакашвили: мақомот нагузоштанд, ки Одесса ноором шавад


Михаил Саакашвили

Михаил Саакашвили

Солгарди дувуми фоҷиаи 2 майи соли 2014 дар Одесса ором ва бидуни ҳодисае, ки ба амнияти шаҳр ва ҷануби Украина халал эҷод кунад, баргузор шуд, хабар дод ба рӯзноманигорон раиси вилояти Одесса Михаил Саакашвили.

Тавре Саакашвили гуфтааст, чанд талоше, аз ҷумла, аз ҷониби "олигархҳои Киев" мушоҳида шуд, ки мехостанд вазъи Одессаро халадор кунанд, вале кӯшиши онҳо пешгирӣ шуд. Раиси вилоят гуфт, қисме аз нерӯҳои Гвардияи миллӣ ва Пулиси миллӣ, ки ба Одесса омадаанд, то 10 май дар ин вилоят хоҳанд монд.

Шаби душанбе дар майдони Гречески Одесса гирдиҳамоӣ баргузор шуд ва дар он афроди зиёди ширкат кард. Ин ҷамъомад ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни фоҷиаи Одесса, ки ду сол пеш кушта шуданд, барпо гашт.

Ду сол пеш дар Одесса миёни ширкатдорони роҳпаймоии "Барои ваҳдати Украина" ва мухолифони Майдон задухурд шуд. Дар натиҷаи бетартибиҳо дар Хонаи иттифоқҳо сухтор рух дод, ки боиси марги 48 нафар гардид.

XS
SM
MD
LG