Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон хабари эътирозҳои Қазоқистон дастнорас шудааст


Тавре нашрияи интернетии Asiaterra хабар медиҳад, мақолаи "Тарс аз Чин мардумро ба кӯча баровард", ки дар сомонаи бахши русии Би-би-си дар сутуни "Интихоби муҳаррир" нашр шудааст, дар Узбакистон дастнорас гашт.

Ин мақола шарҳи ҳодисаҳои рӯзҳои охири Қазоқистон аст, ки мардуми он дар пайи тағйироти Кодекси замин даст ба тазоҳурот задаанд.

Сокинон талаб доранд, ки тағйири Кодекси замин бозбинӣ шавад. Он иҷора додани заминҳои корамро ба муҳлати то 25 сол ба хориҷиён пешбинӣ кардааст. Қазоқистониҳо аз он тарс доранд, ки иҷораи дарозмуддати замин боис мегардад, ки чиниҳо ҳудудҳои онҳоро соҳиб шаванд.

Ёдрас мешавем, мақомоти Ӯзбекистон тибқи анъана ҳамаи сомонаҳои интернетиеро, ки аз ҷунбишҳои мардумӣ, эътирозҳо ва инқилобҳои кишварҳои шӯравии пешин менависанд, мебанданд, то ин ки ин сомонаҳо сокинони Ӯзбекистонро ба "андешаҳо"-и ғалат роҳнамоӣ накунанд.

Дар ҳамин ҳол, аксари расонаҳое, ки пайваста аз ҳодисаҳои Ӯзбекистон хабар паҳн мекунанд, аз ҷумла бахши ӯзбекии Би-би-си ва Радиои Озодӣ, дар ин кишвар кайҳо баста шудаанд.

XS
SM
MD
LG