Ссылки доступа

Мистура ва Лавров дар Москва сулҳи Сурияро баррасӣ мекунанд


Фиристодаи СММ дар умури Сурия барои баррасии идомаи сулҳ ва оташбаси Сурия имрӯз вориди Москва мешавад.

Стаффан де Мистура, фиристодаи СММ тавре интизор меравад, бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров чораҳои иловагии ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли низои Сурия баррасӣ хоҳанд кард.

Москва бо ҳукумат ва намояндагони гуруҳҳои гуногуни мухолифи Сурия робитаи доимӣ дорад ва ба ин тартиб метавонад дар гуфтушуниди сулҳ саҳм гузорад. Даври гузаштаи гуфтушунид 27 апрел бе натиҷаҳои назаррас ба охир расид. Баъди анҷоми он мавҷи нави ҷанг дар Ҳалаби Сурия бархест.

Вазири корҳои хориҷии Русия бо котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дирӯз сулҳи ноустувори Сурияро баррасӣ намуданд. Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки Лавров ва Керрӣ "қадамҳои баъдинаи Москва ва Вашингтон"-ро ҳамоҳанг кардаанд.

XS
SM
MD
LG