Ссылки доступа

"Оксана-бибӣ" - умеди Олимпии Ӯзбекистон (видео)


"Бабушка Оксана" – Олимпийская надежда Узбекистана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:08 0:00

Қаҳрамони бозиҳои Олимпӣ аз Ӯзбекистон Оксана Чусовитина дар ҳайати Ӯзбекистон ба майдони рақобатҳои Рио-де-Жанейро хоҳад баромад. Ин ҳафтумин бозиҳои Олимпӣ дар собиқаи 25-солаи варзишии Чусовитний аст. Вай мегӯяд, ба рақобат омодааст.

Имсол Оксана ба 41 медарояд. Вай солмандтарин варзишгар дар таърихи бозиҳои Олимпӣ хоҳад шуд.

Ҳамкасбони Оксана ӯро шӯхиомез "бибӣ" меноманд. Вай ин шӯхиҳоро хуш қабул мекунад, аммо мегӯяд, "дар саҳна ҳама баробаранд: чӣ 17-сола ва чӣ 40-сола".

Ин варзишгар зодаи Ӯзбекистон аст. Чанд сол дар ҳайати тими Олмон ба майдон баромада буд. Дар бозиҳои Олимпии Рио-де-Женеро Ӯзбекистонро муаррифӣ мекунад.

"Бабушка Оксана" – Олимпийская надежда Узбекистана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:08 0:00

XS
SM
MD
LG