Ссылки доступа

Қирғизистон иншооташро аз Ӯзбекистон бозпас гирифт


Тибқи қарори нави ҳукумати Қирғизистон, 12 иншооте, ки пештар дар истифодаи Ӯзбекистон буданд, комилан моликияти Қирғизистон шуданд.

Дар ин бора намояндаи вижаи ҳукумати Қирғизистон дар масъалаҳои наздимарзӣ Қурбонбой Искандаров хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир баргардонидани чаҳор иншооти дигар, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ ҷойгиранд ва сабти расмии чаҳор истироҳатгоҳи Ӯзбекистон ("Роҳат", "Дилором", "Регҳои тиллоӣ" ва "Бӯстон") дар вилояти Иссиқкӯл идома дорад.

XS
SM
MD
LG