Ссылки доступа

Дастрасӣ ба иттилои расмӣ - мушкили асосии расонаҳои Тоҷикистон


Баъди нашри протоколи ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ба агентии иттилоотии "Ховар" додани маълумоти расмӣ, расонаҳои мустақил дар дастрас кардани иттилоъ ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар конфронси бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Душанбе гуфт, тибқи ин протокол муассисаҳои ҳукуматӣ маълумоти расмиро танҳо ба оҷонсии иттилоотии давлатӣ "Ховар" медиҳанд.

"Ҳоло мансабдорони давлатӣ ин протоколро барои ҳамкорӣ накардан бо расонаҳои мустақил дастак кардаанд. Онҳо худро масъул медонанд, ки ба суолҳои рӯзноманигорони мустақил посух надиҳанд ва бо онҳо ҳамкорӣ накунанд", - меафзояд Қаршибоев.

Дар натиҷа, ба гуфтаи вай, дар як соли охир расонаҳои мустақил дар дастрас кардани иттилоъ аз манбаъҳои расмӣ ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, созмони байналхалқии "Хабарнигорони бидуни марз" дар гузориши нави худ вазъи матбуотро дар Тоҷикистон "бунбасти хатарнок" унвон кард.

XS
SM
MD
LG