Бар асоси қонуни мазкур, ҳар вакили Думаи давлатӣ, ки дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ ва ё бештар аз он вазифаи худро иҷро карда натавонад, аз мандат маҳрум мешавад.
Ин матни қонун дар расонаи расмии маълумоти ҳуқуқӣ чоп шуда, он аз замони нашраш, 3 май қуваи қонунӣ гирифт.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи ҷиноҳи "Русияи боадолат" 22 апрел аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул шуда, онро 27 апрели соли равон Шӯрои федератсия низ тасдиқ кард.