Ссылки доступа

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи "Домодедово"


Вазорати корҳои дохилии Русия хабар медиҳад, ки гумонбаршудаи куштори хонаводаи пулиси рус тариқи хатсайре аз Душанбе ба Москва омада, аз ҷониби муфаттишон дар фурудгоҳи "Домодедово" дастгир шудааст.

Боздоштшуда Маҳмадалӣ Аҳмадов дар куштори 6 нафар ва расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии духтари ноболиғ дар вилояти Самара айбдор мешавад.

Ахиран кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муайян карданд, ки гумонбар мехоҳад, аз кишвар берун равад.

Ёдрас мешавем, Андрей Гошт ва 5 узви хонаводаи ӯ шаби 24 апрел дар деҳаи Ивашевкаи ноҳияи Сизрани вилояти Самара кушта шуданд. Тибқи иттилои мақомот, ҳамлагарон подполковник Гошт ва наздикони ӯ, аз ҷумла падару модари солхӯрдаашро бо болға куштаанд.

Рӯзи 30 апрел Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти се гумонбари аввал дар қатли аъзои ин хонавода хабар дод ва гуфт, гумонбари чаҳорум ба Тоҷикистон гурехтааст.

XS
SM
MD
LG