Дар деҳаи Қизил-Киштак ҳамаи 5 манзиле, ки хонаводаи Нурматовҳо зиндагӣ мекунанд, бояд тахриб шавад. Ҳамроҳ бо Нурматовҳо боз наздики 30 манзили дигарро ҳукумати Қирғизистон аз наздикии сарҳад бо Ӯзбекистон, ки ин кишвар узви Иттиҳоди иқтисодӣ нест, бояд кӯчонад.
Бо пуле, ки Хадамоти гумрук пешниҳод кардааст, хона харидан имкон надорад, мегӯянд сокинон: масалан барои манзили дуошёнаи дорои газ, барқ, об ва замини серҳосил ҳамагӣ 14 ҳазор доллар пешниҳод шудааст.