Ссылки доступа

Таҷлил аз Рӯзи Конститутсия дар Қирғизистон


Конститутсияи амалкунанадаи Қирғизистон дар раъйпурсии соли 2010 қабул шудааст. Бори нахуст Қонуни асосии Қирғизистони мустақил аз сӯи Шӯрои Олии ин кишвар 5 майи соли 1993 ба тасвиб расида буд.

Чинибой Турсунбеков, раиси порлумони ин кишвар дар паёми идонааш гуфт, бо қабули қонуни асосӣ дар соли 1993 дар таърихи навини Қирғизистон марҳилаи тозае оғоз шуд, ки ба таъсиси шакли ҷадиди ҳукумати давлатӣ дар дохили ҷумҳурӣ асос гузошт.

"Роҳи парламентаризм тӯлонӣ ва пурзаҳмат аст, аммо дар ниҳоят идораи порлумонӣ ба рушду шукуфоӣ мерасонад. Бо интихоби низоми давлатӣ, ки порлумон дар он бартарӣ меёбад, мо тамоми гаронии ин роҳро дарк карда будем. Сарфи назар аз ин, ҷомеаи қирғиз, аз он ҷумла порлумони Қирғизистон, бо боварӣ вориди шароити нав шуданд. Дар ҳоли ҳозир низоми порлумонӣ нахустин меваҳои худро меорад", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG