Ссылки доступа

Русия наздик ба 7000 маҳбусро ба Ӯзбекистон доданист


Дмитрий Медведев, сарвазири Русия тарҳи созишномаи табодули маҳбусонро миёни Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон имзо кард.

Ин тарҳи 4 майи соли равон дар сомонаи маълумоти ҳуқуқии ҳукумати Русия нашр шуда, дар банди 6-уми он омадааст, ки интиқоли маҳбусон аз Русия ба Ӯзбекистон танҳо бо розигии хаттии худи маҳбус ва дар ҳолати нотавонии ӯ ба далели синну солӣ ё вазъи ҷисмониву равонӣ сурат мегирад.

Тибқи омори расмии нашркардаи ФСИН – Хадамоти федератсияи иҷрои ҷазои Русия аз 564 ҳазор маҳбуси зиндонҳои Русия тақрибан 28 ҳазорашон шаҳрвандони хориҷиянд. Аз ҷумла 6 786 шаҳрванди Узбакистон, 2 964 шаҳрвади Украина ва 2 846 нафар аз Озарбойҷон дар маҳбасҳои Русия қарор доранд.

XS
SM
MD
LG