Ссылки доступа

Кушта шудани ташвиқгари ДИ аз зарбаҳои ҳавоии ИМА


Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Амрико дар Ироқ яке аз ташвиқгарони бонуфузи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) кушта шудааст.

Дар ин бора мақомоти Австралия хабар додаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба онҳо иттилоъ додааст, ки шахси гумонбар дар чанд ҳамлаи қаламрави Австралия Нейл Пракаш 29 апрел дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ дар шаҳри Мавсули Ироқ нобуд карда шуд. Пракаш аз зумраи шахсоне ҳам буд, ки ба анҷоми ҳамлаҳо зидди ИМА даъват мекард.

Сокини шаҳри Мелбурни Австралия Нейл Пракаш дар наворҳову маводи таблиғии ДИ дида мешуд ва дар ҷалби мардону занон ва кӯдакони ҳамватанаш ба сафи ҷангҷӯёни ин созмони террористӣ фаъол буд.

Гумон меравад, Нейл Пракаш, ки исми ӯ дар рӯйхати таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид низ ҳаст, соли 2014 ба Сурия рафта бошад.

Ҳукумати ИМА мегӯяд, 22 апрел дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии ин кишвар дар Сурия шаҳрванди дувуми Австралия, ки дар ҳамдастӣ бо ДИ гумонбар аст, кушта шуд. Шодӣ Ҷаббор Халил Муҳаммад ва шавҳари судонии ӯ Абӯсаъд ас-Судонӣ яке аз таблиғгарони бонуфузи ДИ ба ҳисоб рафта, ҳамеша барои анҷоми ҳамлаҳо зидди манофеи Ғарб даъват мекарданд.

XS
SM
MD
LG