Ссылки доступа

Талоши ду сокини Душанбе барои сӯиқасд ба ҷони президент Раҳмон


Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасии парвандаи ду сокини шаҳри Душанбе, ки мехостанд, моҳи сентябри соли 2015, ҳангоми сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат ба ҷонаш сӯиқасд кунанд, анҷом ёфт.

Ин ду нафар Дилафрӯз Холова ва Иззатулло Файзулоев ҳастанд, ки дар ҳамдастӣ бо аъзои гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ният доштанд, ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон сӯиқасд кунанд ва дар вилояти Суғд баъзе аз иншоотро тарконанд.

Дилафрӯз Холова, ки пурра ба гуноҳаш иқрор кардааст, ба муҳлати 8,5 сол ва Изаттулло Файзулоев, ки худро қисман айбдор медонад, 10 сол зиндонӣ шуданд.

Тавре аз додгоҳ хабар доданд, ин ду сокини Душанбе барои анҷоми нақшаҳои худ силоҳи зарурӣ ва парчами ДИ-ро пайдо карда натавонистаанд.

Қаблан низ ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон сӯиқасд шуда буд. Дар натиҷаи ин сӯиқасд, ки соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, президент Раҳмон, баъзе атрофиёнаш ва вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов захмӣ гардиданд.

XS
SM
MD
LG