Ссылки доступа

Дар Сурия 28 паноҳанда қурбони зарбаи ҳавоӣ шуданд


Дар шимоли Сурия, дар наздикии марз бо Туркия дар натиҷаи зарбаи ҳавоӣ ба урдугоҳи паноҳандагон 28 кас кушта шудааст, хабар медиҳад гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи Сурия.

Ин зарба қисми дувуми рӯзи панҷшанбе ба урдугоҳи воқеъ дар маҳали аҳолинишини Сармадаи вилояти Идлиб зада шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯяд, ҳоло дақиқ нест, ки ин зарбаи кӣ буд.

Баъди зарбаи ҳавоӣ дар урдугоҳ сухтор рух додааст. Дар аксҳое, ки дар Фейсбук нашр шуданд, дида мешавад, ки даҳҳо хайма оташ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG