Ссылки доступа

Дар Бишкек ҷашнвораи байналхалқии балет баргузор мешавад


Дар театри академии опера ва балети Қирғизистон рӯзҳои 15-21 май чаҳорумин ҷашнвораи байналхалқии санъати балет баргузор мешавад. Дар ин бора мудири бахши адабиву драмавии театри мазкур Елена Мягкова хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, дар соли ҷорӣ ҷашнвора ба раққосаи маъруфи қирғиз, артисти халқии СССР Бюбюсара Бейшеналиева бахшида мешавад. Дар ин ҷашнвора намояндагони Олмон, Арманистон, Русия, Озарбойҷон ва Қазоқистон ширкат мекунанд.

Ҷашнвора 15 май бо намоишномаи "Чолпон"-и М. Раухвергер кушода мешавад. 17 май мухлисон балети Адан "Ҳаёт"-ро бо иштироки Мери Ованнисян ва Рубен Мурадяни арманӣ хоҳанд дид.

Ба ин тартиб, 21 май намоиши васеъ бо ширкати солистҳои балети Олмон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG