Ссылки доступа

Гузориши ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ


Интизор меравад, ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рустами Шоҳмурод, вазири адлия имрӯз дар бораи вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар давоми солҳои 2010-2015 дар Шӯрои Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон гузориш диҳад.

Қарор аст, дар ҷаласаи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон масъалаи бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дастрасии рӯзноманигорон ба мурофиаҳои додгоҳии аъзои боздоштшудаи ин ҳизб дар миён гузошта шавад. Инчунин риояи ҳуқуқи диндорон дар кишвар ҳам баҳс хоҳад шуд. Шӯрои СММ қаблан нигаронӣ карда буд, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм озодии баён ва озодии суханро поймол мекунад.

Намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон инчунин бояд дар бораи иқдомҳои худ барои аз байн бурдани шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳову маҳбасҳо ва дастрасии Кумитаи байналмилалии Салиби сурх ба зиндонҳои кишвар иттилоъ бидиҳанд. Тӯли чанд соли охир ҳукумати Тоҷикистон ба Салиби сурх иҷозат намедиҳад, то аз зиндонҳои кишвар боздид кунад.

Бори охир ҳайати ҳукумати кишвар соли 2012 дар Шӯрои СММ дар бораи ҳуқуқи инсон гузориш дода буд.

XS
SM
MD
LG