Ссылки доступа

ИМА назорати ширкатҳои офшориро пурзӯр мекунад


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико силсилатадбирҳои навро барои мубориза бо истифодаи ғайриқонунии суратҳисобҳои бонкӣ, ки дар пайи нашри "Ҳуҷҷатҳои Панама" ифшо гардидаанд, эълон кард.

Муассисаҳои молиявӣ, ки дар минтақаҳои махсуси офшорӣ ҷойгиранд, аз нав ба қайд гирифта шуда, ному насаби соҳибони онҳо ҳам, ки муштариёнашон ба ҳисоб мераванд, ба хотири пардабардорӣ муайян карда мешавад. Дар ИМА як қатор иёлатҳо, аз қабили Делавар, Вайоминг ва Невада ҳастанд, ки дар онҳо метавон бе пешниҳоди шиноснома бар ивази ҳамагӣ чандсад доллар дар давоми як ё ду соат ширкатеро ба қайд гирифт.

Қоидаҳои наве, ки аз сӯи дастгоҳи Обама қабул шуд, бонк, афроди ҳуқуқӣ ва дигар миёнаравҳои молиро вазифадор мекунад, то шахсияти соҳибон, мудирон ва нафарони манфиатбари муштариёни худро тафтиш кунанд.

Вазири молияи ИМА Ҷек Лю инчунин ба тасдиқи 8 конвенсияи байналмилалии андоз даъват кард, ки санҷиши ҷиноятҳои молӣ ва муайян кардани фироркунандагон аз андозро осон мегардонанд.

XS
SM
MD
LG