Ссылки доступа

Аспдавонии Туркманистон 500 рӯз давом мекунад


Дар Туркманистон пойгаи аспдавонии умумимиллии 500-рӯза сар шуд, ки рамзи рӯзшумории баръакси оғози Панҷумин бозиҳои Осиёст. Ин бозиҳо моҳи сентябри соли 2017 дар Ишқобод баргузор мешаванд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон шахсан 17 асперо, аз назар гузаронд, ки барои ширкат дар ин пойга аз тарафи варзикорони ҳирфаӣ абзорбандӣ шудаанд. Пойга дар ҳар яке аз панҷ вилояти кишвар 100-рӯзӣ давом карда, дар рӯзи оғози Бозиҳои Осиё ба охир мерасад.

То кунун бештар аз 60 шӯрои олимпии Осиёву Уқёнусия гуфтаанд, ки дар ин бозиҳо ширкат мекунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз шеваи омодагии ин кишвари худкома ба бозиҳо изҳори нигаронӣ карданд. Бо такя ба аксҳое, ки аз кайҳон бардошта шудаанд, Amnesty International мегӯяд, дар соли гузашта бештар аз 50 ҳазор сокин барои сохтмони иншооти ин чорабинӣ аз манзилҳои худ кӯчонда шудаанд.

Туркманистон ҳеч гоҳ медали бозиҳои Олимпиро ба даст наовардааст ва ҳатто соли 2014 варзишгаронашро барои ширкат дар бозиҳои зимистонаи Олимпӣ ба Сочии Русия нафиристод.

XS
SM
MD
LG