Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон ба раъйпурсӣ омодагӣ мебинанд


То баргузории раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсияи Тоҷикистон камтар аз ду ҳафта мондааст. Миёни тағйирҳо инчунин пешниҳод шудааст, ки ба президенти феълии кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳақ дода шавад, то номзадияшро бе маҳдудият ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад.

Раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсия дар Тоҷикистон 22 майи соли равон баргузор мешавад. Тарҳи иловаҳо ба Қонуни асосии таҳиякардаи порлумони кишвар аз 41 банд иборат аст. Аз ҷумла пешниҳод гардидааст, ки ба моддаи 65 ба ин мазмун тағйирот ворид шавад: "Маҳдудияти қисми чаҳоруми моддаи мазкур ба асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дахл надорад. Мақоми ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муқаррар мекунад".

Президенти феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ин ҷониб дар сари қудрат аст, бино бар меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи кишвар ҳақ надорад, номзадиашро дар интихоботи соли 2020 пешбарӣ кунад. Вале агар ин тағйир ба Қонуни асосӣ ворид шавад, вай ҳақ дошт, ки бе маҳдудият номзадиашро пешбарӣ намояд.

Инчунин дар тарҳи пешниҳодӣ барои ислоҳи Конститутсияи Тоҷикистон синни номзад ба мақоми президентӣ то 5 сол - аз 35 ба 30 поин бурда шудааст. Ин тағйир ба Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон ҳақ медиҳад, ки дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад.

XS
SM
MD
LG