Ссылки доступа

ВКД: Дар Душанбе аз ҳамлаи аъзои ДИ пешгирӣ шуд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳамкорӣ бо нирӯҳои интизомии Русия аз ҳамлаи аъзои "Давлати исломӣ" дар рӯзи 9 май дар Душанбе пешгирӣ кардаанд.

ВКД мегӯяд, 6 май дар фурудгоҳи Душанбе Достон Менглиқулов, сокини 22-солаи ноҳияи Қубодиёнро боздошт кардаанд. Вай ният доштааст, аз Москва ба Душанбе омада, амалҳои террористиро роҳандозӣ кунад. Се нафари дигарро дар ҷануби Тоҷикистон боздоштаанд.

Ҳафтаи гузашта ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Москва 12 зодаи Осиёи Марказиро бо гумони омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзҳои таҷлили иди Ғалаба дастгир кардааст. Ин ниҳод гуфт, ки дар байни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон будаанд.

XS
SM
MD
LG