Ссылки доступа

«Панамагейт»: дар маводи таҳқиқотӣ исми Дариға Назарбоева ҳам ҳаст


Дар ҳуҷҷатҳои ширкати ҳуқуқии Панама - Mossack Fonseca, ки 9 май дар интернет нашр шуданд, номи «Dariga N. Nazarbayeva» ҳам зикр гардидааст.

Эҳтимол, гап дар бораи Дариға Назарбоева, ноиб-сарвазири Қазоқистон ва духтари калонии президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев меравад. Ба иттилои Консорсиуми байналхалқии рӯзноманигорони таҳқиқотгар, Dariga N. Nazarbayeva аз соли 2007 то 2012 ҳаммуаассиси ширкати оффшории Asterry Holdings LTD, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё ба қайд гирифта шудааст, буд.

Нахустин ҳуҷҷатҳо дар бораи суратҳисобҳои оффшории афроди маъруф дар ибтидои моҳи апрел нашр шуданд. Дар ин ҳуҷҷатҳо номи Нуралӣ Алиев, писари Дариға Назарбоева ҳам зикр шуда буд.

Дар бархе аз кишварҳо нашри ҳуҷҷатҳо дар бораии суратҳисобҳои оффшории сиёсатмадорон боиси ҷанҷол ва истеъфо шуд.

XS
SM
MD
LG