Ссылки доступа

Таҳқири ёдгории афсарони дар Сурия кушташудаи рус


Шахсони номаълум нисбат ба ёдгории Қаҳрамони кушташуда ва фармондеҳи бомбаандози Су-24-и Русия дар Сурия Олег Пешков ва дорандаи ордени "Мардонагӣ" Александр Позинич, ки дар шоҳроҳи федералии "Амур"-и вилояти Амур гузошта шуда аст, беэҳтиромӣ кардаанд.

Дар ин бора сардори Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Раёсати корҳои дохилии ин минтақа Инна Карташова хабар дода, гуфтааст, ҳоло дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷустуҷӯи ҷинояткорон идома дорад.

Ба хотири ёдбуди Олег Пешков, ки 7 сол дар вилояти Амур хизмат кардааст, ва Александр Пезинич моҳи декабри соли 2015 дар шоҳроҳи федералии "Амур", наздикии деҳаи Возжаевка лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуда буд.

XS
SM
MD
LG